Ҳаллу фасли масъалаи вохӯрии Раҳмону Путин дар Маскав

Нимаи дуюми рӯзи 8 май президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ ва гузашти низомӣ бахшида ба 70-умин солгарди Ғалаба ба Маскав раҳсипор мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маскав бо президенти Ветнам Чионг Тан Шанг […]

Аваз Юлдошев



Нимаи дуюми рӯзи 8 май президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ ва гузашти низомӣ бахшида ба 70-умин солгарди Ғалаба ба Маскав раҳсипор мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маскав бо президенти Ветнам Чионг Тан Шанг дидору гуфтушунид карданист.

Ба иттилои манбаъ, дар ин вохӯрӣ, ки бо ташаббуси Ветнам доир мегардад, баррасии маҷмӯи васеи масоили рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафйн дар назар аст.

«Айни замон ҳамчунин масъалаи имкони баргузории вохӯрии дуҷонибаи сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маскав низ мавриди ҳаллу фасл қарор дорад», – афзуд сарчашмаи хабар.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.