Ҳикояти тоҷики 25-сола дар бораи чӣ гуна ба ҷанги Сурия рафтанаш

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони ВАО ва ҷавонон бо шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аз Сурия баргаштааст, барпо намуд. Вохӯри дар маҷмааи «Кохи Ҷомӣ» ташкил гардид. Фаррух Шарипови 25-сола, зодаи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд рӯзи 6 май аз Сурия тариқи Туркия омадааст. Ӯ дар бораи чӣ гуна ба даргириҳои Сурия ҷалб шуданаш аз ҷониби як духтари […]

ASIA-Plus



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони ВАО ва ҷавонон бо шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аз Сурия баргаштааст, барпо намуд. Вохӯри дар маҷмааи «Кохи Ҷомӣ» ташкил гардид.

Фаррух Шарипови 25-сола, зодаи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд рӯзи 6 май аз Сурия тариқи Туркия омадааст. Ӯ дар бораи чӣ гуна ба даргириҳои Сурия ҷалб шуданаш аз ҷониби як духтари рус тавассути шабакаи иҷтимоӣ ҳикоят карда, изҳор намуд, ки баъди аз ҳамсараш ҷудо шудан ва бо ин сабаб дар ҳолати нохуби равонӣ қарор доштан, дар «Одноклассники» бо духтари рус шинос шуда, ин духтар ӯро ба ҷанг ҷалб мекунад ва сипас тариқи Маскаву Туркия ӯро ба Сурия мефиристанд.

Ба гуфтаи Фаррух Шарифов, шиносномаи ӯ дар Туркия нобуд шудааст. Ӯ ба журналистон ва ҷавонони ҳузурдошта ҳикоят кард, ки барои дубора ба Тоҷикистон баргаштан мушкилиҳои зиёдеро паси сар кардааст.

Шарифов қайд кард, ки дарҳол пас аз ба Сурия расидан дарк кардааст, ки ӯро фиреб додаанд. «Он ҷо ҳама як фикри чӣ гуна ба ватан баргаштанро доранд, аммо аз изҳори он метарсанд, зеро агар сухане дар бораи бозгашт ба хона бигӯянд, онҳоро ҳукми қатл интизор аст», – иброз дошт номбурда.

Ёдрас мекунем, ки Фаррух Шарифов аллакай панҷум тоҷикистониест, ки ихтиёрӣ аз Сурия ба ватан баргашт.

Қобили зикр аст, ки вохӯрии журналистон ва ҷавонон бо Фаррух Шарифови ихтиёрӣ аз ҷанги Сурия баргашта вохӯрии нахустинест, ки ВКД барпо кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.