Гуфтушуниди вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон дар Ашқобод

Дар чаҳорчӯби Ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории минтақавӣ дар бахши назорати маводи мухаддир, ки дар потахти Туркманистон – шахри Ашқобод ҷараён дорад, мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот роҳбарони идораҳои […]

ASIA-Plus



Дар чаҳорчӯби Ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории минтақавӣ дар бахши назорати маводи мухаддир, ки дар потахти Туркманистон – шахри Ашқобод ҷараён дорад, мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот роҳбарони идораҳои сиёсии хориҷӣ аз раванди мусбии рушди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, зарурати тақвияти онҳоро дар ҳама арсаҳо таъкид намуданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, минтақавӣ ва дигар масоили таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.

Ба иттилои манбаъ, Сироҷиддин Аслов ҳамчунин бо Директори иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов низ гуфтушунид карда, ҷонибҳо аз раванди мусбии рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари СММ оид ба мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) изҳори қаноатмандӣ карда, зарурати тақвияти ҳамкориро дар самти мубориза бо ин чолишҳо таъкид намуданд.

Ҳамзамон, ҳар ду ҷониб баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба маводи мухаддирро, ки 27 майи соли равон дар ш. Душанбе дар назар аст, мавриди муҳокима қарор дода, доир намудани онро, ки як сол қабл аз Ҷаласаи вежаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба мушкилоти маводи мухаддир дар соли 2016 баргузор мегардад, хамчун амали саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.