КҲФ ба деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод қубури обгузар кашид

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи грждании назди ҳукумати ҶТ бо ёрии аҳолии маҳалӣ корҳои кашидани қубури обгузар (водопровд)-и дарозиаш 8 километр барои сокинони деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзободро, ки баъди фаромадани ярч рӯзи 3 апрел аз дастрасӣ ба оби ошомиданӣ танқисӣ мекашаиданд, ба итмом расонид. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи мазкур хабар дод, барои […]

Аваз Юлдошев



Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи грждании назди ҳукумати ҶТ бо ёрии аҳолии маҳалӣ корҳои кашидани қубури обгузар (водопровд)-и дарозиаш 8 километр барои сокинони деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзободро, ки баъди фаромадани ярч рӯзи 3 апрел аз дастрасӣ ба оби ошомиданӣ танқисӣ мекашаиданд, ба итмом расонид.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи мазкур хабар дод, барои сохтмони ин хатти обгузар аз ҷониби президенти Тоҷикистон ҳудуди 1 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардид.

«Баъди сохтмони хатти обгузар дигар ба барқарор кардани канал (ҷуйбор), ки ҳамасола бо лойқа пур мешуд, зарурате нест», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 3 апрел бар асари лағжиши як теппа  дар деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод беш аз 10 нафар ба ҳалокат расиданд. Онҳо тариқи ҳашар ба таъмир ва насби қубури обгузар машғул буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.