Ҳалокати «шаҳид»-и тоҷик дар вилояти Брянск

Дар вилояти Брянски Русия «шаҳидоне», ки ба идҳои моҳи май амали террористӣ омода мекардаанд, зимни инфиҷор дар автомашина ба ҳалокат расиданд, ки ду нафарашон русиягиҳои исломро пазируфта ва як нафар сокини Тоҷикистон аст. REGTime менависад, хадамоти махсус шахсияти ҷасадҳои се нафарро, ки бар асари инфиҷори автомашина дар Жуковка ҳалок шудаанд, муайян кардаанд ва ду нафари […]

ASIA-Plus



Дар вилояти Брянски Русия «шаҳидоне», ки ба идҳои моҳи май амали террористӣ омода мекардаанд, зимни инфиҷор дар автомашина ба ҳалокат расиданд, ки ду нафарашон русиягиҳои исломро пазируфта ва як нафар сокини Тоҷикистон аст.


REGTime

менависад, хадамоти махсус шахсияти ҷасадҳои се нафарро, ки бар асари инфиҷори автомашина дар Жуковка ҳалок шудаанд, муайян кардаанд ва ду нафари онҳо шаҳрванди Русия буда, як нафар шахрванди Тоҷикистон будааст.

Тибқи баъзе

маълумот

, дар ин автомашина 6 нафар ҳузур доштаанд ва шахсияти се ҷасад муайян гардида, миёни онҳо ду нафар русиягии исломро пазируфта ва як нафар тоҷикистонӣ будааст.

Таркишро даҳҳо нафар шунидаанд. Зимни азназаргузаронии мавзеи ҷангал автомашинаи мавриди инфиҷор қароргирифтаи Chevrolet ва Nissan-и пурра сӯхташуда ошкор гардидааст.

«Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса пораҳои ҷасади тахминан ду нафар дарёфт шуданд. Дар бордони Chevrolet се норинҷаки Ф-1, ду автомати осебдидаи АК-47 ва ҳамчунин даҳҳо тир барои онҳо дарёфт шуданд, – хабар додаанд сарчашмаҳо ба

намояндагони ВАО

.

Гуфта мешавад, эҳтимол таркиш ба иллати муносибати нодуруст бо таҷҳизоти тарканда рух дода бошад. Аз ҳалокшудагон ҳуҷчате пайдо нашуда, танҳо пораҳои ҷасадҳо боқӣ мондаанд, ки муайян кардани шахсияти фавтидагонро душвор месозад. Тибқи маълумоти дактилоскопӣ, ду нафар аз фавтидагон шаҳрвандони Русия ва як нафар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Nissan-и сӯхташуда – эҳтимол Nissan Almera Classic-ро таксирони шом

бедаракшудаи

«Тройка» Алекссандр Крупеня идора мекардааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Брянск ин ҳодисаро алҳол расман шарҳ надодаанд. Ҳодисаи мазкур мавриди баррасии сокинони ин минтақа дар

шабакаҳои иҷтимоӣ

аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.