Хуҷанд: Тақдими мукофотпулиҳо ба собиқадорони ҷанг

Рӯзи 6 май дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат, ки дар солҳои ин ҷанг ғалабаро таъмин намуданд, мукофотпулии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд супорида шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, ба ин […]

ASIA-Plus



Рӯзи 6 май дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат, ки дар солҳои ин ҷанг ғалабаро таъмин намуданд, мукофотпулии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд супорида шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, ба ин муносибат ҷамъомадро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, ҳозиронро бо 70-умин солгарди Иди бузурги Ғалаба табрик намуд.

Баъди табрикоти самимӣ, масъули дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ботури Олуфта ба тамоми ҷанг кӯмакпулии сарвари давлат,- 1500 сомониро супорид.

Ҳамчунин сардори Раёсати кор бо занони ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Нодира Мирзозода аз номи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳазор сомонӣ ва ба собиқадорони меҳнати ақибгоҳ бошад, 800 сомонӣ супорид. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода дар суханронии худ доири қаҳрамониҳои ин фарзандони содиқи ватан ҳарф зада, изҳор намуд, ки корнамоии ҳар кадоми ин шахсон ҳам дар муҳорибаи ҷанг ва ҳам дар ақибгоҳ намунаи барҷастаи ватандорӣ аст.

Кӯмакпулии яквақтинаи Мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳри Хуҷанд барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 500 сомонӣ ва меҳнаткашони ақибгоҳ 200 сомониро Раҷаббой Ахмадзода супорида, барои онҳо сиҳатмандии бардавом ва давлати пирии нек орзу намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.