Тоҷикистон ба «рӯйхати сиёҳ»-и USCIRF шомил шуд

Комиссияи ИМА оид ба озодиҳои байнулмилалии динӣ (USCIRF) дар гузориши нави худ дар бораи риояи озодиҳои динӣ Тоҷикистонро ба қатори 17 кишвари дунё шомил кард, ки «боиси нигаронии беҳад зиёд аст». Дар ин кишварҳо «ба беҳад ҷиддӣ риоя нашудани озодиҳои динӣ роҳ дода мешавад». Ба ҷуз Тоҷикистон дар «рӯйхати сиёҳ»-и USCIRF ҳамчунин Бирма, Чин, Эритрея, […]

ASIA-Plus



Комиссияи ИМА оид ба озодиҳои байнулмилалии динӣ (USCIRF) дар


гузориши


нави худ дар бораи риояи озодиҳои динӣ Тоҷикистонро ба қатори 17 кишвари дунё шомил кард, ки «боиси нигаронии беҳад зиёд аст». Дар ин кишварҳо «ба беҳад ҷиддӣ риоя нашудани озодиҳои динӣ роҳ дода мешавад».

Ба ҷуз Тоҷикистон дар «рӯйхати сиёҳ»-и USCIRF ҳамчунин Бирма, Чин, Эритрея, Эрон, Кореяи Шимолӣ, Арабистони Саудӣ, Судон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Миср, Ироқ, Нигерия, Покистон, Сурия ва Ветнам низ ҷойгиранд.

Дар робита ба мавридҳои сершумори риоя нашудани озодиҳои динӣ, Комиссияи мазкур ба Департаменти давлатии ИМА тавсия додааст, ки Тоҷикистон дар қатори Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Миср, Ироқ, Нигерия, Покистон, Сурия ва Ветнам ба рӯйхати кишварҳое, ки «боиси нигаронии беҳад зиёданд», шомил гардад.

Дар гузориш аз ҷумла зикр мегардад, ки «дар Тоҷикистон муқаррароти озодиҳои динӣ мунтазам, давомдор ва ошкоро риоя намешаванд. Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳама гуна фаъолияти динии мустақил ва бидуни назорати ҳукуматдорон, аз ҷумла фаъолияти мусалмонон, протестантҳо, намоянагони Шоҳидони Яҳво фишор меорад ва онҳоро ба ҷавобгарӣ мекашад. Ҳамчунин ҳукумат бар асоси ҷиноятҳои исботнашудаи марбут ба фаъолияти динӣ шахсони ҷудогонаро зиндонӣ мекунад».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.