Боздошти 12 тоҷикистонӣ дар Маскав ва мусодираи 25 кило героин аз онҳо



Кормандони мақомоти пулиси шаҳри Маскав муддати ду ҳафтаи ахир 12 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро боздошт намуда, аз онҳо 25 кило героини афғонӣ дарёфт ва мусодира намуданд.

Бино ба маълумоти

хадамоти матбуоти

Раёсати Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари Русия дар Маскав, қимати маводи мухаддири мусодирашуда дар бозори сиёҳ беш аз 25 млн. рубл арзёбӣ мешавад.

Гуфта мешавад, айни замон ба ҳар кадоме аз боздоштшудагон оид ба фурӯши маводи мухаддир дар ҳаҷми ниҳоят зиёд айбнома пешниҳод шуда,чорабиниҳои таъҷилии тафтишотӣ гузаронида мешаванд.

spot_imgspot_img

Популярное