Роҳбари МТС оид ба тундгароӣ ва омӯзиши ислом дар мактабҳо

Роҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти ҶТ Худойбердӣ Холиқназар зимни суханронӣ дар кори мизи гирд таҳти унвони «Дар бораи мушкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пешгирии тамоили тундгароӣ ва ифротгароии динӣ» изҳор намуд, ки мушкилоти аввали ба тундгароӣ гаравидани ҷомеа бекорӣ, камбизоатӣ ва коррупсия аст. «Мутаассифона, кишвари мо дар давраи гузариш қарор дошта, сатҳи камбизоатӣ 32,8%-ро […]

Меҳрангез Турсунзода



Роҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти ҶТ Худойбердӣ Холиқназар зимни суханронӣ дар кори мизи гирд таҳти унвони «Дар бораи мушкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пешгирии тамоили тундгароӣ ва ифротгароии динӣ» изҳор намуд, ки мушкилоти аввали ба тундгароӣ гаравидани ҷомеа бекорӣ, камбизоатӣ ва коррупсия аст.

«Мутаассифона, кишвари мо дар давраи гузариш қарор дошта, сатҳи камбизоатӣ 32,8%-ро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳолат баъзе нерӯҳо истифода мебаранд. Онҳо аз бекории шаҳрвандони мо истифода карда, бо маблағҳои пулӣ онҳоро ҷалб месозанд», – гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб шуда, раванди муҳоҷирати корӣ низ ба он таъсир мерасонад. «Ба муҳоҷирони мо мегӯянд, ки онҳоро дар Туркия бо ҷойи кор таъмин мекунанд ва ҳатто билет харида, онҳоро ба Туркия мебаранд, вале чун ба он ҷо расиданд, шиносномаҳои онҳоро мегиранд ва муҳоҷирон намедонанд, ки минбаъд онҳоро ба куҷо мебаранд», – қайд кард роҳбари МТС.

Ӯ фаъолияти сафорати Тоҷикистон дар Русия ва Хадамоти муҳоҷиратро дар ин самт мавриди интиқод қарор дода, ба имомхатибон ва мутахассисони Маркази исломӣ ва Маркази исломшиносӣ тавсия дод, ки барои корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни муҳоҷирон ба Русия раванд.

Холиқназар пешниҳод намуд, ки омӯзиши таърихи Ислом дар мактабҳо дубора барқарор карда шавад. «Коршиносон бар ин назаранд, ки ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ бояд дурусту саҳеҳ таърихи ислом омӯзонида шуда, толибилмон бо исломи анъанавӣ шинос бошанд. Хуб мебуд агар мақомоти дахлдор сари ин масъала баргашта, ба ҷонибдории омӯзиши асосҳои исломи анъанавӣ пешниҳодҳо мекарданд», – иброз дошт ӯ.

Роҳбари МТС ба Вазорати корҳои дохилӣ тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо шахсони аз маҳбасҳо озодшударо пешниҳод намуда, изҳор кард, ки муаҳбусони ба ҷурми тундгароиву ифротгароӣ маҳкумшуда дар ҳуҷраҳои алоҳида нигаҳдорӣ шаванд.

Ӯ ҳамчунин пешниҳод кард, ки назорат аз болои зойирин низ пурзӯр карда шавад, зеро шаҳрвандони Тоҷикистонро дар маросими адои ҳаҷ низ ба гурӯҳҳои тундгарову ифротгаро ҷалб карданӣ мешаванд.

Худойбердӣ Холиқназар ба Хадамоти гумрук тавсия дод, ки воридоти сатру дигар навъи сарулибоси арабӣ ба Тоҷикистонро боздорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.