Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар Брюссел муаррифӣ шуд

Дар шаҳри Брюссел Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев дар вохӯрии чоруми намояндагони созмонҳои минтақавӣ ва дигар ташкилотҳо оид ба дипломатияи боздоранда ва миёнаравӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Бино ба иттилои сафорати ҶТ дар Брюссел, чорабинии мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Брюссел Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев дар вохӯрии чоруми намояндагони созмонҳои минтақавӣ ва дигар ташкилотҳо оид ба дипломатияи боздоранда ва миёнаравӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои сафорати ҶТ дар Брюссел, чорабинии мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Созмони ҳамкории исломӣ барпо гардид.

Зимни баромади худ Сафири Тоҷикистон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҳамчун яке аз намунаҳои беҳтарини дастрасӣ ба сулҳу ризоияти миллӣ дар ҳолати низоъҳои дохилидавлатӣ муаррифӣ намуд. Аҳамияти байналмилалии он махсусан таъкид карда шуд.

Қайд гардид, ки он аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун намунаи нодири барқарорсозии сулҳу субот эътироф шудааст. Ӯ иброз дошт, ки дастёбӣ ба сулҳу ризоияти миллӣ бевосита ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст.

Иштирокдорони чорабинӣ дастрасӣ ба ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистонро баланд арзёбӣ намуда, зарурати омӯзишу истифодаи таҷрибаи беназири дастёбӣ ба сулҳу ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро барои танзими сулҳомези муноқишаҳои маҳаллӣ таъкид карданд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.