Намоишгоҳи аксҳо дар Қоҳира ба муносибати ҷашни Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Дар Маркази мисрии ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ дар Қоҳира зери сарпарастии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Арабии Миср Намоишгоҳи аксҳо ба муносибати 70-умин солгарди Рӯзи пирӯзӣ бар фашизм дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ ифтитоҳ ёфт. Намоишгоҳи мазкурро Сафорати Тоҷикистон ҳамроҳ бо намояндагиҳои дипломатии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия ва Ӯзбекистон созмон дод. Тавре аз сафорати ҶТ дар Қоҳира иттилоъ […]

ASIA-Plus



Дар Маркази мисрии ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ дар Қоҳира зери сарпарастии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Арабии Миср Намоишгоҳи аксҳо ба муносибати 70-умин солгарди Рӯзи пирӯзӣ бар фашизм дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ ифтитоҳ ёфт. Намоишгоҳи мазкурро Сафорати Тоҷикистон ҳамроҳ бо намояндагиҳои дипломатии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия ва Ӯзбекистон созмон дод.

Тавре аз сафорати ҶТ дар Қоҳира иттилоъ доданд, дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи аксҳо, ки дар он намояндагони корпуси дипломатӣ, вазорату идораҳо, аҳли илму фарҳанг, расонаҳои кишвари маҳалли иқомат ва дигарон ҳузур доштанд, муовини вазири корҳои хориҷии Миср Ёсир Мурод ва сафирони ҳафт кишвари мазкур суханронӣ карданд.

Гуфта мешавад, дар суханронии сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозирӣ аҳаммияти сарнавиштсози пирӯзӣ бар фашизм дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ, саҳми арзандаи Тоҷикистон дар таъмини он, пирӯзии таърихӣ ва меҳандӯстӣ, қаҳрамонӣ ва шуҷоати фарзандони кишвари мо дар майдонҳои набард, зарурати ҳалли тамоми низоъҳо бо роҳҳои осоишта бо истинод ба Ойинномаи СММ ба манзури таъмини сулҳу амнияти байнамилалӣ дар ҷаҳон таъкид гардиданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дарҳои Намоишгоҳи аксҳо дар Қоҳира то 13 майи 2015 боз хоҳанд буд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.