Боз 9 нафар тоҷикистониён Яманро тарк карданд



Гурӯҳи иборат аз 9 нафар шаҳрвандони навбатии Тоҷикистон бо мусоидати сафоратхонаи ҶТ дар Арабистони Саудӣ қаламрави Ямани бо ҷанг фарогирифтаро тарк карданд.

Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Ар-Риёд, панҷ нафар қаламрави Яманро таркгуфта ноболиғон мебошанд. «Рӯзи 6 май онҳо марзи Яман бо Арабистони Саудиро убур намуда, ба Ҷидда ворид шуданд. Ҳамаи кӯчонидашудагон рӯзи 9 май ба Душанбе расиданд», – гуфт манбаъ.

Дар сафорат қайд карданд, ки аз оғози бомбпартоӣ ба Яман аз ҷониби эътилоф таҳти раҳбарии Арабистони Саудӣ, беш аз 170 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз қаламрави ин кишвар берун бароварда шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное