Осеби офати табиӣ ба Хуросону Ҷиликӯл ва Қубодиён

Борони шадид, ки шоми рӯзи 11-уми май ба боридан оғоз кард, ба ноҳияҳои Хуросону Ҷиликӯл ва Қубодиёни вилояти Хатлон хисорот ба бор овард. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ин робита хабар дод, дар ҷамоати Қизил Қалъаи ноҳияи Хуросон бар асари селфароӣ як манзили зист хароб […]

Сайраҳмон Назриев, Аваз Юлдошев



Борони шадид, ки шоми рӯзи 11-уми май ба боридан оғоз кард, ба ноҳияҳои Хуросону Ҷиликӯл ва Қубодиёни вилояти Хатлон хисорот ба бор овард.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ин робита хабар дод, дар ҷамоати Қизил Қалъаи ноҳияи Хуросон бар асари селфароӣ як манзили зист хароб ва ба 10 хонавода осеб расидааст.

Ба иттилои манбаъ, аз ин офати табиӣ дар ҷамоати Деҳконободи ноҳияи Ҷиликӯл як пул хароб гардида, ба 10 оила қисман зарар расидааст.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала иттилоъ дод, ки дар ноҳияи Ҷиликӯл бар асари селфароӣ 23 манзили зист ва бинои 4 мактаби таҳсилоти умумӣ аз лойқа пур шуда, пули деҳаи Кӯҳдоман пурра тахриб шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ноҳияи Қубодиён лойқа ва дигар фаровардаҳои сел майдони беш аз 300 гектари заминҳои киштро пур кардаанд. «Хушбахтона, талафоти ҷонӣ миёни аҳолӣ ҷой надорад», – иброз дошт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон гурӯҳи махсуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ҷойҳои ҳодиса қарор дошта, ҳаҷми зиёни расидаро муайян мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.