Ташкилоти ҷавонони ҲХДТ собиқ пешвои худро маҳкум мекунад

Ташкилоти ҷавонони Ҳизби халқии демократии Тоҷиистон «Созандагони Ватан» дар робита ба истеъфои пурсарусадои собиқ пешвои худ Исфандиёр Абдураҳмонов қарор (резолютия) қабул кард. Сухангӯи ҲХДТ Усмон Солиев ба Азия-Плюс» дар ин робита гуфт, дар қарори қабулшуда зикр мегардад, ки Шӯрои ташилоти ҷавонони ҲХДТ аз аввал ба интихоб ва тасдиқи И.Абдураҳмонов ба ҳайси пешвои ташилот мухолиф буд. […]

Аваз Юлдошев



Ташкилоти ҷавонони Ҳизби халқии демократии Тоҷиистон «Созандагони Ватан» дар робита ба истеъфои пурсарусадои собиқ пешвои худ Исфандиёр Абдураҳмонов қарор (резолютия) қабул кард.

Сухангӯи ҲХДТ Усмон Солиев ба Азия-Плюс» дар ин робита гуфт, дар қарори қабулшуда зикр мегардад, ки Шӯрои ташилоти ҷавонони ҲХДТ аз аввал ба интихоб ва тасдиқи И.Абдураҳмонов ба ҳайси пешвои ташилот мухолиф буд.

«Аммо муовини раиси ҳизб Асрор Латифзода ба мо итминон дод, ки И.Абдураҳмонов ташкилотчии лаёқатманд ва инсони босаводу бомаърифат аст, вале муддати чор моҳи кораш мо ин қобилиятҳои ӯро мушоҳида накарда, баръакс дар ин давра ба якравӣ, қабул надоштани андешаи аксарият ва кор карда натавонистанаш дар даста боварӣ ҳосил намудем», – омадааст дар қарор.

Дар идома қайд мешавад, ки И.Абдураҳмонов раҳбарияти ҲХДТ-ро беасос ба маҳалгароӣ ва дигар гуноҳҳо айбдор мекунад.

«Ахири моҳи апрел «Созандагони Ватан» аз озмуни эълоншуда миёни наттоқони ҷавон натиҷагирӣ карда, ҳайати ҳакамони озмунро муовини раиси ҳизб Раъно Бобоҷониён ба сарварӣ гирифт. И.Абдураҳонов маҳз ба нишони эътироз ба қарори ҳайати ҳакамони озмуни мазкур сару садо баланд кард», – қайд кард Солиев.

Ёдрас мекунем, ки пешвои бахши ҷавонони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» Исфандиёр Абдураҳмонов, ки аввали моҳи январ ба ин вазифа интихоб шуда буд,

аз мансабаш истеъфо дод.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.