Президенти Русия Владимир Путин дар бораи афви кормандони корхонаи коркарди урани «Востокредемет»-и Тоҷикистон Александр Бабошин ва Александр Ботов, ки ба иттиҳоми хиёнат ба ватан ҳар кадоме ба 22 соли зиндон маҳкум шуда буданд, фармон ба имзо расонид. Асноди дахлдор дар ин хусус дар
портали
иттилооти ҳуқуқии Русия интишор шудааст. Фармонҳо баъди 10 рӯз мавриди амал қарор мегиранд.
ТАСС
хотирррасон мекунад, ки 21 октябри соли 2009 дар Тоҷикистон 5 нафар кормандони масъули корхонаи давлатии таъиноти мудофиавии «Востокредмет», аз ҷумла 2 тан аз онҳо ба иттиҳоми хиёнат ба давлат ва 1 нафар ба ҷурми ҷосусӣ ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум карда шуданд.
Собиқ директори генералии корхона Шавкат Бобоев ва собиқ роҳбари хадамоти амният Матин Зиёев ба иттиҳоми суистифода аз мансаб ҳар кадоме ба 10 соли зиндон, собиқ сармуҳандиси корхона Александр Ботов ва сардори Раёсати сохтмони асосии «Востокредмит» Александр Бобошин ба ҷурми хиёнат ба давлат ҳар кадоме ба муҳлати 22 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.
Ҳамкори онҳо Виссарион Тен, ки аз мансабаш ном бурда намешавад, барои ҷосусӣ ба «нафъи кишвари сеюм» ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳамчунин маълум аст, ки ҳамаи маҳкумшудагон баҳори соли 2009 аз ҷониби хадамоти махсуси Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шуда буданд.
«Востокредмет» соли 1945 аз ҷониби Вазорати саноати атомии Иттиҳоди Шӯравӣ барои истихроҷ ва коркарди ашёи хоми дорои уран дар таркибаш дар Тоҷикистон таъсис дода шуд. Иншооти стратегии мазкур аз шабакаи конҳо, корхонаи мошинсозӣ, озмоишгоҳҳои бузурги таҳқиқотӣ ва маркази илмиву истеҳсолии техникаи электронӣ ва автоматика иборат буд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолияти корхона бамаротиб заъиф шуда, вале солҳои ахир як қатор кишварҳо ба «Востокредмет» таваҷҷуҳ зоҳир месозанд.
Радиои «Озодӣ»
хотиррасон мекунад, ки ин панҷ нафар дар моҳи июни соли 2009 аз ҷониби кормандони мақомоти амниятии вилояти Суғд боздошт шуда, муҳокимаи онҳо охири октябри ҳамон сол ба далели пинҳон доштани маълумоти дорои сирри давлатӣ дар паси дарҳои баста анҷом ёфт.
Гуфта мешавад, Бабошин ва Ботов, ки акнун аз тарафи президенти Русия авф шудаанд, соҳиби душаҳрвандӣ буда, баъд аз чанд муддат аз Тоҷикистон ба маҳбасҳои Русия истирдод шуда буданд.



