Дастури президент оид ба тарбияи ворисони арзандаи Шашмақом

Шоми рӯзи 12 май бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Шашмақом консерти бошукӯҳи идона баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барномаи дилошӯби бахшида ба Рӯзи Шашмақом бо ворид шудани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба толори зебою мунаққаши театри опера ва […]

ASIA-Plus



Шоми рӯзи 12 май бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Шашмақом консерти бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барномаи дилошӯби бахшида ба Рӯзи Шашмақом бо ворид шудани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба толори зебою мунаққаши театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ оғоз ёфт.

Гуфта мешавад, дар консерти идона ҳунармандони ансамбли давлатии Шашмақом ба номи Фазлиддин Шаҳобов, ансамбли давлатии Фалак, гурӯҳҳои рақсии Гулрез, Лола, филармония давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ва дигар номварони санъати тоҷик ҳунарнамоӣ карда, рушди бонизоми ин жанри волои санъати мусиқии миллиро дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон намоиш доданд.

Таъкид мешавад, ки санъати Шашмақом бо ворид карда шуданаш ба номгӯи ёдгориҳои санъати шифоҳии ҷаҳон аз ҷониби созмони байналмилалии ЮНЕСКО имрӯз чун Наврӯзи оламафрӯз ҷаҳонӣ гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ҳузури худ дар ин консерти идона ба аҳли ин санъати воло рӯҳу илҳоми тоза бахшида, дар фароварди барномаи ҳунарӣ ба маҳорати санъаткорон баҳои баланд дод ва ҳамзамон барои таъмини рушду такомули бештару беҳтари Шашмақом, аз ҷумла интихоб ва таълиму тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадори соҳа ва саҳмгузорӣ дар тарбияи ҳисси ифтихору сарфарозии насли наврас аз фарҳанги миллии Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳои судбахш дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.