Боздиди сафири Исроил дар Тоҷикистон аз вилояти Суғд

Рӯзи 12 май раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо сафири ғайримуқими давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кармела Шамир мулоқот намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни сӯҳбат ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Исроил омодагиашонро изҳор намуданд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки ҷонибҳо метавонанд барои рушди соҳаи кишоварзӣ ҳамкориҳои самаранокро ба […]

ASIA-Plus



Рӯзи 12 май раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо сафири ғайримуқими давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кармела Шамир мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни сӯҳбат ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Исроил омодагиашонро изҳор намуданд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки ҷонибҳо метавонанд барои рушди соҳаи кишоварзӣ ҳамкориҳои самаранокро ба роҳ монанд.

Тавре Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошт дар вилояти Суғди Тоҷикистон ду сол инҷониб дар соҳаи кишоварзӣ ислоҳот ҷараён дорад ва дар натиҷаи таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ беш аз 40 ҳазор хоҷагиҳои оилавию инфиродӣ таъсис дода шудааст. Дар ин замина истифодаи технолигияҳои пешрафтаи кишвари Исроил дар бахши кишоварзӣ ба манфиати кор арзёбӣ гардид.

Раиси вилоят ҳамзамон аз эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар қаламрави вилояти Суғд ёдовар шуда, таъкид намуд, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тавассути эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қолинбофии дастӣ ва атласу адрасбофӣ шаҳрвандон, махсусан бонувонро бо ҷои кор таъмин менамояд.

Дар ҷараёни сӯҳбат инчунин ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи туризм, фарҳанг ва табодули молу маҳсулот миёни кишварҳо изҳори омодагӣ намуданд.

Гуфта мешавад, меҳмонон дар идомаи сафар аз минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», шаҳраки Сайҳун, ҶДММ «ВТ-СИЛК», МД «Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» боздид мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.