Марафони варзишии ҷавонони Хуҷанд – Душанбе оғоз гардид

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва тарғиби ҳаёти солим рӯзи 12 май марафони варзишии ҷавонон бо унвони «Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солим» аз шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, ба ин муносибат дар пояи парчами миллӣ расми гусели варзишгарон бо иштироки зиёда аз 100 нафар ҷавонони маркази вилоят ва […]

ASIA-Plus



Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва тарғиби ҳаёти солим рӯзи 12 май марафони варзишии ҷавонон бо унвони «Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солим» аз шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, ба ин муносибат дар пояи парчами миллӣ расми гусели варзишгарон бо иштироки зиёда аз 100 нафар ҷавонони маркази вилоят ва масъулини мақомоти маҳаллӣ доир гардид.

Гуфта мешавад, тибқи нақшаи баргузоркунандагони ин чорабинӣ давоми панҷ рӯз ҳафт нафар варзишгарони вилоят бо роҳи Хуҷанд- Спитамен- Шаҳристон- Айнӣ- Варзоб санаи 16 май ба пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе расида, санаи 17 май дар «Дави миллӣ» иштирок хоҳанд кард.

Ба иттилои манбаъ, дар расми гусели варзишгарон муовини раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродова ширкат намуда орзую таманниёти неки раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба иштирокдорони ин марафон расонд. Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Бахтиёр Исматҷонов ни дар ин маросим ширкат дошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.