Эрон масъалаи таҳвили барқ ба Тоҷикистонро баррасӣ дорад

Ширкати эронии «MEPCO Group» масъалаи имзои созишнома бо Тоҷикистону Гурҷистон дар бахши электроэнергетикаро баррасӣ дорад. Директори тиҷоратии ин ширкат Элмира Салманпур ба Trend дар ин робита изҳор намудааст, ки «MEPCO Group» ният дорад, ки дар Гурҷистон ду нерӯгоҳи барқӣ сохта, ба Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқро ба роҳ монад. Салманпур зикр кардааст, ки ширкат ба ҳамкорӣ […]

ASIA-Plus



Ширкати эронии «MEPCO Group» масъалаи имзои созишнома бо Тоҷикистону Гурҷистон дар бахши электроэнергетикаро баррасӣ дорад.

Директори тиҷоратии ин ширкат Элмира Салманпур ба Trend дар ин робита изҳор намудааст, ки «MEPCO Group» ният дорад, ки дар Гурҷистон ду нерӯгоҳи барқӣ сохта, ба Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқро ба роҳ монад.

Салманпур зикр кардааст, ки ширкат ба ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамҷавор омода аст, вале монеъаи асосӣ дар ин самт таҳримҳои иқтисодии нисбати Эрон ҷоришуда мебошанд, ки тиҷоратро бозмедоранд.

Ӯ қайд кардааст, ки баъди бекор шудани таҳримҳо, монеъаҳо барои фаъолияти ширкатҳои эронӣ дар хориҷи кишвар аз байн мераванд.

Қаблан рӯзи 27 апрел вазири энергетикаи Эрон Хушанг Фалахатиён дар ин робита изҳор дошта буд, ки Эрон ҳаҷми содироти барқ ба кишварҳои ҳамсояро қариб то ба 25 млрд. кВт/соат афзуданист.

Вазири эронӣ зикр карда буд, ки афзоиши содироти барқ аз ҳисоби ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ба даст оварда хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки айни замон Эрон ба Арманистон, Покистон, Туркманистон, Туркия, Озарбойҷон, Ироқ ва Афғонистон нерӯи барқ мефурӯшад.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки феълан «Шашгона»-и кишварҳои миёнаравони байнулмилалӣ дар бораи бекор кардани таҳримҳо ба ивази барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон бо Теҳрон гуфтушунид доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.