Таҷлили ҷашни Ғалаба дар шаҳри Брюссел

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Брюссел дар якҷоягӣ бо сафоратҳои кишварҳои Арманистон, Беларус, Булғория, Ветнам, ИМА, Италия, Қазоқистон, Қирғизистон, Куба, Лаҳистон, Македония, Маҷористон, Молдова, Муғулистон, Озарбойҷон, Олмон, Россия, Сербия, Словакия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Фаронса, Хитой ва Чехия дар маросими ёдбуди аскарони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва иштирокчиёни Ҳаракати Муқовимати Белгия, ки дар солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳон баҳри […]

ASIA-Plus



Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Брюссел дар якҷоягӣ бо сафоратҳои кишварҳои Арманистон, Беларус, Булғория, Ветнам, ИМА, Италия, Қазоқистон, Қирғизистон, Куба, Лаҳистон, Македония, Маҷористон, Молдова, Муғулистон, Озарбойҷон, Олмон, Россия, Сербия, Словакия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Фаронса, Хитой ва Чехия дар маросими ёдбуди аскарони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва иштирокчиёни Ҳаракати Муқовимати Белгия, ки дар солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳон баҳри озод намудани Шоҳигарии Белгия аз фашизм ҷоннисорӣ намудаанд, иштирок кард.


Тавре аз сафоратхонаи ҶТ дар Брюссел хабар доданд, намояндагони баландпояи кишварҳои номбурда дар зери пайкараи аскарони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва иштирокчиёни Ҳаракати Муқовимати Белгия, ки дар қабристони коммунаи Эвери шаҳри Брюссел воқеъ аст, гулчанбарҳо гузоштанд.

Гуфта мешавад, дар доираи ҷашнгирии 70-умин солгарди Ғалаба дар шаҳри Брюссел, дар таърихи 6 майи соли 2015 дар Маркази русии илм ва фарҳанг, филми бадеии “Тоҷикфилм” аз соли 1978 таҳти “Женщина из далека” ва аксҳои марбута ба намоиш гузошта шуданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.