Намояндаи ИМА дар яке аз Агентиҳои СММ ба Тоҷикистон омад

Намояндаи ИМА дар Оҷонсиҳои озуқаворӣ ва кишоварзӣ СММ дар Рум сафир Дэвид Лейн санаи 11-уми май ба Тоҷикистон ташриф овард. Ин сафари ӯ  то 16 майи соли равон идома меёбад. Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар ҶТ иттилоъ доданд, дар якҷоягӣ бо cафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт, сафир Лейн аз ҷамоатҳои деҳот бо мақсади арзёбӣ […]

Иттилоияи расмӣ



Намояндаи ИМА дар Оҷонсиҳои озуқаворӣ ва кишоварзӣ СММ дар Рум сафир Дэвид Лейн санаи 11-уми май ба Тоҷикистон ташриф овард. Ин сафари ӯ  то 16 майи соли равон идома меёбад.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар ҶТ иттилоъ доданд, дар якҷоягӣ бо cафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт, сафир Лейн аз ҷамоатҳои деҳот бо мақсади арзёбӣ намудани ҳамкории ташкилотҳои озуқаворӣ ва кишоварзии ИМА ва СММ ҷиҳати дастгирии деҳқонон, намояндагони соҳаи тиҷорат ва ҳукумат, ки барои беҳтар намудани сатҳи амнияти озуқаворӣ ва рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон равона шудаанд, дидан хоҳанд кард.

Сафир Лейнро панҷ нафар рӯзноманигорон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Арманистон, Гурҷистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамроҳӣ менамоянд.  Онҳо аз лоиҳаҳои мухталиф, ки таҳти дастгирии Ҳукумати ИМА, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ (FAO), Барномаи озуқавории ҷахонӣ (WFP) ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) амалӣ мегарданд, дидан хоҳанд кард. 

Барномаҳои мазкур ташабуси Ҳукумати ИМА“Озуқаворӣ ба хотири оянда”, ки таҳти роҳбарии Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ва дигар барномаҳо, ки барои ислоҳоти замин, идоракунии босамари захираҳои об, таъмини кӯдак бо ғизои босифат ва саломатии модарон равона шудаанд, дарбар мегиранд. Инчунин барномаҳои озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар самти ассотсиатсияи зотпарварӣ, хоҷагии тухмипарварӣ ва беҳтар намудани маҳсулоти боғдорӣ; барномаҳои WFP, оид ба дастгирӣ намудани таботати норасоии шадиди ғизо, таъмини хӯрока барои мактаббачагон ва ҷомеаҳо дар сохтмони хати таъмини оби ошомиданӣ низ ба онҳо шомиланд.  

Ҳамчунин, гурӯҳ аз барномаҳои IFAD, ки ба ҷамоатҳо дар равона кардани захираҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат менамояд, дидан мекунад. Чунин барномаҳо ба ташкилоти деҳот дар харид намудани таҷҳизот, идора кардани чарогоҳҳои маҳаллӣ ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти чорво имконият медиҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.