Мулоқоти вазири адлияи Беларус бо сафири Тоҷикистон

Дар шаҳри Минск рӯзи 12 май мулоқоти вазири адлияи Беларус Олег Слижевский бо сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Қозидавлат Қоимдодов баргузор шуд. Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Минск, зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъалаи ҷараёни амалисозии тавофуқоти ҳосилшуда миёни кишварҳо дар сатҳи олӣ зимни сафари […]

Аваз Юлдошев



Дар шаҳри Минск рӯзи 12 май мулоқоти вазири адлияи Беларус Олег Слижевский бо сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Қозидавлат Қоимдодов баргузор шуд.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Минск, зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъалаи ҷараёни амалисозии тавофуқоти ҳосилшуда миёни кишварҳо дар сатҳи олӣ зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус моҳи майи соли 2014 таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ сафири Тоҷикистон қайд кардааст, ки барои густариши тақвияти робитаҳои дуҷониба миёни ду кишвари дӯсту бародар заминаи мустаҳками қарордодиву ҳуқуқӣ муҳайё шудааст, ки беш аз 60 созишномаву қарордодҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дар бар мегирад.

Ба иттилои манбаъ, вазири адлияи Беларус таъкид доштааст, ки миёни Вазоратҳои адлияи Беларус ва Тоҷикистон муносибатҳои судманд роҳандозӣ шуда, Созишномаи соли 2012 дар бораи ҳамкорӣ баимзорасида миёни вазоратҳо мавриди амал қарор дорад,ки ба ин робитаҳо такон мебахшад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин атрофи дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.