Воҳидҳои низомии СААД бо техникаи зиреҳпӯш ба Тоҷикистон меоянд

Ояндаи наздик дар қаламрави Тоҷикистон ҳеҷ гуна тамринҳои низомии Нерӯҳои дастаҷамъии зудамали Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ гузаронида намешаванд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ дар ин робита хабар дод, дар доираи санҷиши ногаҳонии омодагии ҷангии воҳидҳои ин сохтори СААД, ки рӯзи 12 май эълон шуд, гурӯҳҳои маҳдуди зудамали кишварҳои узви СААД – […]

ASIA-Plus



Ояндаи наздик дар қаламрави Тоҷикистон ҳеҷ гуна тамринҳои низомии Нерӯҳои дастаҷамъии зудамали Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ гузаронида намешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ дар ин робита хабар дод, дар доираи санҷиши ногаҳонии омодагии ҷангии воҳидҳои ин сохтори СААД, ки рӯзи 12 май эълон шуд, гурӯҳҳои маҳдуди зудамали кишварҳои узви СААД – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия ба Тоҷикистон меоянд.

«Ҳадафи вуруди ин нерӯҳои СААД ба Тоҷикистон муайян кардани вақти аз кишварҳои худ ба Тоҷикистон омадани онҳо ва ҳамчунин омӯзиши маҳал аст», – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои

радиои «Озодӣ»

, бо қарори Шӯрои амнияти СААД рӯзи 12 май тафтиши ногаҳонии нерӯҳои кишварҳои узв оғоз ёфт, ки бо размоишҳои муштарак дар Тоҷикистон ба анҷом мерасад.

Гуфта мешавад, барои ширкат дар ин тамринҳо гурӯҳҳои 100-нафарии нерӯҳои Арманистон, Беларус, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон бо ҳавопаймо ба қаламрави Тоҷикистон интиқол дода мешаванд. Онҳо ҳамроҳ бо худ то 20 адад аз техникаи ҳарбиро ба Тоҷикистон интиқол хоҳанд дод. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.