Путину Керрӣ дар Сочи беш аз 4 соат мулоқот карданд

Вазири умури хориҷии Амрико, Ҷон Керрӣ, дар нахустин сафараш ба Русия баъд аз оғози бӯҳрони Украина, аз нақзи оташбас дар Украина “нигарониҳои амиқ” баён намуд ва ба “зарурати фаврӣ”-и ҳамкорӣ бо Маскав даъват кард. Бино ба иттилои радиои «Озодӣ» , Ҷон  Керрӣ гуфтааст, ҳамаи тарафҳо дар низои Украина бояд ба нақзи созишнома оташбас, ки моҳи […]

Радиои «Озодӣ»



Вазири умури хориҷии Амрико, Ҷон Керрӣ, дар нахустин сафараш ба Русия баъд аз оғози бӯҳрони Украина, аз нақзи оташбас дар Украина “нигарониҳои амиқ” баён намуд ва ба “зарурати фаврӣ”-и ҳамкорӣ бо Маскав даъват кард.

Бино ба иттилои

радиои «Озодӣ»

, Ҷон  Керрӣ гуфтааст, ҳамаи тарафҳо дар низои Украина бояд ба нақзи созишнома оташбас, ки моҳи феврал дар Минск ба имзо расид, арҷ гузоранд ва Иёлоти Муттаҳида ва Аврупо бояд дар ҳолати “иҷрои комил”-и ин қарордод таҳримҳои зидди Русияро сабук кунанд.

“Агар ва ҳангоме ки (созиши) Минск пурра иҷро шавад, рӯшан аст, ки ИМА  ва ИА ба ғундоштани таҳримҳо сар кунанд”, гуфт Керрӣ рӯзи 12 май пас аз як дидори чаҳорсоата бо президенти Русия Владимир Путин дар шаҳри курортии Сочӣ, соҳили Баҳри Сиёҳ.

Аз оғози бӯҳрони Украина ин аввалин сафари Керрӣ ба Русия буд ва ӯ аз нақзи оташбас дар Украина “нигарониҳои амиқ” баён намуд ва ба “зарурати фаврӣ”-и ҳамкорӣ бо Маскав дар баробари таҳдидҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҷанги давомдори байни Киев ва ҷудоихоҳони мавриди муштибонии Русия даъват кард.

Пеш аз мулоқот бо Путин Керрӣ бо вазири корҳои хориии Русия Сергей Лавров гуфтушуниде дошт, ки низ чаҳор соат идома ёфт.

Керрӣ гуфт, нигарониҳои амиқи Вашингтонро аз вазъ дар шарқи Украина ва идомаи ҷангҳои пароканда бо нақзи созишнома оташбас баён доштааст. Вай ҳушдор дод, ки “такияи ҳар кадоме аз тарафҳо ба нерӯ “пайомадҳои фавқулода харобкорона хоҳад дошт”.

Ғарб ва Киев ҳамчунин Русияро айбдор мекунанд, ки таъмини ҷудоихоҳонро бо силоҳ ва нерӯ идома медиҳад, аммо Маскав ин иттиҳомро рад мекунад. Ҳарду, Вашингтон ва Бруссел дар вокуниш ба илҳоқ ё аннексияи Қрим аз тарафи Русия ва ҳимояти он аз ҷудоихоҳони шарқи Украина Русияро ҳадафи таҳримҳо қарор додаанд. Гуфта мешавад, дар низои шарқи Украина аз оғози даргириҳо дар моҳи апрел то ҳоло 6100 нафар кушта шудаанд.

Лавров пас аз гуфтушунид бо Керрӣ гуфт, Маскав ва Вашингтон розӣ шуданд, аз қадамҳое худдорӣ кунанд, ки ба робитаҳои байни ду кишвар рахнаи бештар мезананд. Вай афзуд, ин гуфтушунид ба тафоҳуми беҳтаре байнии Маскав ва Вашингтон роҳ кушодааст.

Керрӣ дар сафҳаи худ дар Twitter навишт, ки “бо Путин ва Лавров сари масъалаҳои Украина, Сурия ва Эрон гуфтугӯи ошкоро дошт ва муҳим аст, ки хатти робита байни ИМА ва Русия барои расидагӣ ба масъалаҳои фишороварандаи ҷаҳонӣ боз монад”.

Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия ба хабарнигорон гуфт, музокироти байни Керрӣ ва Путин “боз ва ба ҳадди кофӣ дӯстона” буд. Вале, афзуд ӯ, мулоқот ба натиҷаи муҳиме  сабаб нагашт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.