Имкони содироти маҳсулоти кишвоварзии Тоҷикистон ба Дубай

Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо мудири дафтарҳои кории байнулмилалии Палатаи савдо ва санати Дубай (Аморати Муттаҳидаи Араб) Абдул Азиз Хон, роҳбари намояндагии ПСС Дубай дар Озарбойҷон Санан Насибли ва мутахассис оид ба маводи ғизойии мақомоти худидоракунии маҳаллӣ (мунитсипалитет) Марям Бешварӣ дидору гуфтушунид кард. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ПСС […]

Аваз Юлдошев



Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо мудири дафтарҳои кории байнулмилалии Палатаи савдо ва санати Дубай (Аморати Муттаҳидаи Араб) Абдул Азиз Хон, роҳбари намояндагии ПСС Дубай дар Озарбойҷон Санан Насибли ва мутахассис оид ба маводи ғизойии мақомоти худидоракунии маҳаллӣ (мунитсипалитет) Марям Бешварӣ дидору гуфтушунид кард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили муҳими ҳамкории дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, роҳандозии содироти маҳсулоти кишоварзии аз нигоҳи экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Дубай табодули назар намуда, ҳамчунин маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳо миёни палатаҳо, аз ҷумла ташкили намоишгоҳу ярмарка ва ҳамоишҳои тиҷоратии муштарак барои фаъолсозии шарикии тиҷоратӣ ва афзоиши ҳаҷми муомилоти мол баррасӣ шуданд.

Абдул Азиз Хон манфиатдории зиёди истеъмолгарони Аморати Муттаҳидаи Араб ба содироти маҳсулоти хушсифати кишоварзии Тоҷикистон ба Дубайро изҳор намуда, зарурати рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии дуҷонибаро мувофиқи мақсад донист.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.