Вахш: Аз борони сел якчанд манзил зери об монд



Бар асари боронҳои шадиди пайдарпай, ки ба обхезӣ боис гардид, ба якчанд ҷамоатҳои ноҳияи Вахш зиёни ҷиддӣ расид.

Муовини раиси ноҳияи Вахш Абдуқаҳҳор Файзуллоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бар асари боришоти шадид обпарто дар ҷамоати Рӯдакӣ бардошт накарда, хароб шуд ва об аз соҳил баромада, ба якчанд манзилҳои зист хисороти ҷиддӣ ба бор овард.

«Дар деҳаи Баракати ҷамоати «20-солагии истиқлолият» 4 манзил осеб дида, айни замон онҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд ва имкони тахриб шуданашон вуҷуд дорад. Сокинони манзилҳо кӯчонида шудаанд», – иброз дошт ӯ.

Раиси деҳаи Баракат Илҳом Шарипов дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки селпарто солҳои тӯлонӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, сол то сол хароб мешуд. «Чандин сол аст, ки ман аз шахсони масъул бо дархости анҷоми коре барои ин муроҷиат мекунам, вале ҳамааш бенатиҷа. Акнун имрӯз сокинони деҳаи мо осеб диданд», – гуфт ӯ.

Сафар Раҳимов, сокини деҳаи Рӯдакии ҷамоати Рӯдакӣ, ки ӯ ҳам аз ин офат осеб дидааст, ҳикоят мекунад, ки аз обхезӣ ба ҳамаи хоҷагии ӯ ва қисмати манзилаш зиёни ҷиддӣ расидааст. «Дар бинои асосии манзили мо тарқишҳо пайдо шуданд ва мо аз шабона дар он хобидан ҳарос дорем. Лозим меояд, ки хонаро вайрон карда, аз нав бисозем, зеро илоҷи дигар нест», – афзуд номбурда.

Муовини раиси ноҳияи Вахш зикр кард, ки манзилҳои осебдида дар минтақаи «сурх»-и селпарто сохта шудаанд. «Замоне касе ин қитъаҳои заминро ба одамон ҷудо кардааст, ки имрӯз аз обхезӣ зарар мебинанд», – қайд кард ӯ.

Ҳотамшо Шарипов, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хутлон ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон дар ноҳияҳои Вахш, Қубодиён, Ҷиликӯл ва Хуросон, ки аз офати табиӣ рӯзи 12 май осеб диданд, комиссияи ҳукуматӣ машғули кор аст ва ҳаҷми зарарро муайян мекунад.

«Ояндаи наздик мо ҳаҷми зиёни расидаро муайян карда, иловатан маълумот медиҳем. Имрӯз минтақаи бештар хатарнок ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Вахш аст. Мо аз ҳукуматдорон дархост намудем, ки сокинони деҳаи Дӯстӣ ва қисмате аз аҳолии деҳаи Баракатро ба ҷойи бехавф кӯчонанд», – афзуд номбурда.

spot_imgspot_img

Популярное