Рустамҷон Солиев сармоягузорони Валлонияро ба Тоҷикистон даъват кард

Рӯзи 11 майи соли 2015 дар шаҳри Брюссел вохӯрии сафир Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо директори иҷроияи Агентии Валлония оид ба савдои беруна ва сармоягузории хориҷӣ “AWEX” Паскал Делкомминет баргузор гардид.  Тавре аз сафорати ҶТ дар Белгия хабар доданд, зимни сӯҳбат масоили ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва […]

ASIA-Plus



Рӯзи 11 майи соли 2015 дар шаҳри Брюссел вохӯрии сафир Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо директори иҷроияи Агентии Валлония оид ба савдои беруна ва сармоягузории хориҷӣ “AWEX” Паскал Делкомминет баргузор гардид. 

Тавре аз сафорати ҶТ дар Белгия хабар доданд, зимни сӯҳбат масоили ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия, бахусус бо вилояти Валлонияи он муҳокима шуда, сафири Тоҷикистон ба мусоҳибаш оид ба вазъи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар, чораҳои ҳукумат ҷиҳати беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, инчунин соҳаҳои авлавиятноки иқтисодиёти миллии мавриди ҳавасмандии сармоягузорон ва доираҳои соҳибкории хориҷӣ маълумоти муфассал дод. Ҳамзамон, ба намояндаи баландпояи Агентии “AWEX” маводҳои иттилоотӣ оид ба имконоти сармоягузории Тоҷикистон супорида шуданд.

Гуфта мешавад, Р.Солиев ҳамчунин изҳори умедворӣ намуд, ки ҷониби Белгия якҷоя бо ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи иқтидори бузурги истифоданошудаи ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ чораҳои муштарак хоҳад андешид. Дар ин робита, нақши афзалиятноки аъзогии ҷумҳурӣ дар Созмони умумиҷаҳонии савдо, ки ба либерализатсияи қонунгузории миллии марбут ба савдои беруна, сармоягузорӣ ва коҳиши боҷҳои гумрукӣ мусоидат кардааст, таъкид гардид.

Ба иттилои манбаъ, дар навбати худ, Директори иҷроияи “AWEX” соҳаҳои авлавиятноки рушди муносиботи тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва иқдомҳои босамарро оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорони хориҷӣ мусбат арзёбӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати ҷонноксозии ҳамкорӣ бо Тоҷикистон иброз дошт.

Зимнан зикр мегардад, ки Агентии “AWEX” муассисаи давлатии Шоҳигарии Белгия буда, ҷиҳати пешбурди маҳсулот ва хизматрасонии вилояти Валлония дар хориҷа ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ вазифадор аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.