Русия қоидаҳои аз кишвар баровардани ноболиғонро сабук кард

Мақомоти сарҳади Хадамоти федералии амнияти Русия қоидаҳои аз ҳудуди кишвар баровардани ноболиғонро сабук кард. Тавре аз хадамоти матбуоти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) дар ин робита иттилоъ доданд, мувофиқи қоидаҳои пешин агар ноболиғ бо яке аз волидон нияти ба хориҷа сафар кардан медошт, аз падар ё модаре, ки ӯро ҳамроҳӣ намекард ҳуҷҷати тасдиқкунандаи розигӣ талаб карда […]

ASIA-Plus



Мақомоти сарҳади Хадамоти федералии амнияти Русия қоидаҳои аз ҳудуди кишвар баровардани ноболиғонро сабук кард.

Тавре аз хадамоти матбуоти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) дар ин робита иттилоъ доданд, мувофиқи қоидаҳои пешин агар ноболиғ бо яке аз волидон нияти ба хориҷа сафар кардан медошт, аз падар ё модаре, ки ӯро ҳамроҳӣ намекард ҳуҷҷати тасдиқкунандаи розигӣ талаб карда мешуд, акнун агар кӯдак ба хориҷи кишвар ҳамроҳи яке аз волидон, мураббӣ, доя, муаллимаш ё тарбиятгараш баромаданӣ бошад, аз волидон ҳуҷҷат талаб карда намешавад, хабар додааст нашрияи «Российская газета»

Ба иттилои манбаъ, навигарии дигар ин аст, ки агар забонхат барои ба хориҷа сафар кардани ноболиғ ба номи мураббӣ ё ягон нафари дигар барои сафар ба кишварҳое ки дар рӯйхати алоҳида оварда шудааст, навишта шуда бошад, ин ҳуҷҷат то синни болиғ расидани кӯдак моҳияти худро гум намекунад.

Зимнан зикр гардид, ки меъёри бидуни тағйир боқимонда ин аст, ки агар яке аз волидон аз баровардани фарзанд ба хориҷа ба хадамоти муҳоҷирати Россия (ХМР) муроҷиат намуда, манъи баровардани фарзанд шуда бошад, дар ин сурат фамилияи ноболиғ ба рӯйхати шахсони баромаданашон аз кишвар манъ ворид карда шуда, ҳуқуқи баромадани ноболиғ маҳдуд карда мешавад.

«Дар сурати рух додани ҳолатҳои дигари баҳснок, мақомоти қудратӣ ҳалли қазияро бо муроҷиат намудан ба суд дастур додаанд», – навиштааст нашрияи «Российская газета».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.