С.Аслов дар Шӯрои ҳиндустонӣ оид ба умури байналмилалӣ маърӯза кард

Рӯзи 12 майи соли 2015 дар ҳошияи боздиди расмии худ аз Ҳиндустон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар Шӯрои ҳиндустонӣ оид ба умури байналмилалӣ дар мавзӯи “Сиёсати хориҷаи Тоҷикистон ва чолишҳои амнияти минтақавӣ” суханронӣ кард. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар суханронии худ С.Аслов таваҷҷуҳи ҳозиринро ба усулҳои асосӣ ва марҳалаҳои ташаккули […]

ASIA-Plus



Рӯзи 12 майи соли 2015 дар ҳошияи боздиди расмии худ аз Ҳиндустон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар Шӯрои ҳиндустонӣ оид ба умури байналмилалӣ дар мавзӯи “Сиёсати хориҷаи Тоҷикистон ва чолишҳои амнияти минтақавӣ” суханронӣ кард.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар суханронии худ С.Аслов таваҷҷуҳи ҳозиринро ба усулҳои асосӣ ва марҳалаҳои ташаккули сиёсати хориҷаи кишвар, ҳолат ва дурнамои густариши равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон, сиёсати “дарҳои боз” ва нақши он дар тавсеаи ҳамкориҳои судманди тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башарӣ ва инчунин чолишҳои муосири амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷалб намуд.

Гуфта мешавад, дар поёни суханронии худ С.Аслов ба саволҳои марбут ба зарурати қабули консепсияи нави сиёсати хориҷаи Тоҷикистон, дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар сатҳҳои дуҷонибаю бисёрҷониба, мавқеи Тоҷикистон нисбати масоили мубрами амнияти минтақавӣ ва инчунин рушди вазъияти Афғонистон ва аҳамияти татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ барои таъмини сулҳу субот дар ин кишвар ва тамоми минтақа посух дод. 

Зимнан зикр мегардад, ки дар мулоқот сафирони кишварҳои хориҷии муқими Деҳлии Нав, сиёсатшиносон, коршиносони масоили байналмилалӣ ва намояндагони ВАО ҳузур доштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.