– Ҳеҷ яке аз арзу шикояте, ки ба унвони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар рафти даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ ворид гардид, зимни санҷиш тасдиқ нашуд, – изҳор намуд ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев.
Ба гуфтаи ӯ, давоми маъракаи даъвати баҳорӣ ба унвони Вазорати мудофиа 5 мактуб аз номи падару модарон ва худи даъватшавандагон ворид шудааст, ки ба масъалаҳои маҳалли адои хизмат ва хизмат кардан дар ин ё он навъи Қувваҳои Мусаллаҳ марбут буда, гӯё ба онҳо макони дигари хизматро ваъда карда будаанд.
«Аз рӯи ҳамаи ин арзу шикоятҳо санҷиш гузаронида шуда, ҳеҷ кадоме аз онҳо тасдиқ нашуданд», – иброз дошт Маҳмадалиев.
Номбурда таъкид дошт, ки дар ин давра ба Вазорати мудофиа оид ба даъвати ғайриқонунӣ ва маҷбурӣ ба хизмат даъват шудан (облава) ҳеҷ шикояте нарасидааст.
Ёдрас мекунем, ки нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар муддати 37 рӯз пеш аз муҳлат пурра ба иҷро расид.
Мутобиқи фармони президенти кишвар, маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 1-уми апрел оғоз гардида, 31-юми майи соли равон ба итмом мерасад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат аст.



