Бонки Эсхата ба дарёфти мукофоти нав шарафёб гардид

Бонки осиёгии рушд Бонки Эсхатаро ҳамчун «Беҳтарин бонки ҳамкор оид ба тиҷорати молиявӣ» эътироф кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки Эсхата, маросими расмии мукофотсупорӣ дар Сингапур дар вохӯрии ҳамасолаи Палатаи савдо ва саноат(ICC) доир гардида, мукофот ба раиси Раёсати бонк Носиров Хуршед Диловарович супорида шуд.  Гуфта мешавад, конфронси мазкур барои иштироки Бонки Эхсата  дар […]

ASIA-Plus



Бонки осиёгии рушд Бонки Эсхатаро ҳамчун «Беҳтарин бонки ҳамкор оид ба тиҷорати молиявӣ» эътироф кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки Эсхата, маросими расмии мукофотсупорӣ дар Сингапур дар вохӯрии ҳамасолаи Палатаи савдо ва саноат(ICC) доир гардида, мукофот ба раиси Раёсати бонк Носиров Хуршед Диловарович супорида шуд. 

Гуфта мешавад, конфронси мазкур барои иштироки Бонки Эхсата  дар гуфтушунидҳо ва мусоҳибаҳо оид ба тиҷорати молиявӣ маҳз дар замони бӯҳрони молиявӣ имконияти хуб фароҳам овард. 

Яке аз иштирокчиени конфронс, сардори шӯъбаи муносибатҳои байналхалқӣ Далер Содиқов иброз доштааст, ки «маҳз ба туфайли вохӯрии мазкур иштирокчиён бо фаъолияти дигар бонкҳои Осиёи Ҷанубӣ дар самти тиҷорати молиявӣ шинос гардида, аз таҷрибаи онҳо бардошти зиёде карданд. 

Ба иттилои манбаъ, дар доираи барномаи конфронс ҳамчунин гуфтушунидҳои дуҷониба доир гардида, дар он иштирокчиён  табодули таҷриба  ва дар бораи ҳамкории судманду дарозмӯҳлат ба мувофиқа расиданд. 

«Мо боварӣ дорем, ки ин гуна вохӯриҳо дар рушди муносибатҳои самарабахш бо бонкҳои ҳамкори Осиёи Ҷанубӣ саҳифаи нав кушода, пеш аз ҳама дар оянда барои васеъ шудани ҳамкориҳои дуҷониба  имконият медиҳад», – қайд намудааст Далер Содиқов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.