Ҷоми AFC: «Истиқлол» аз зинаи якум ба даври 1/8 финалӣ роҳхат гирифт



Дар даври охирини мусобиқаи гурӯҳӣ барои дарёфти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бар дастаи «Аҳал»-и Туркманистон бо ҳисоби бузурги 5 бар 2 дастболо шуда, аз зинаи якуми гурӯҳи «С» ба даври 1/8 финалӣ роҳхат гирифт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бозӣ шоми рӯзи 13 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ дар ҳузури 12 ҳазор нафар мухлисон доир гардид.

Гуфта мешавад, дар шаш бозии мусобиқаи гурӯҳӣ «Истиқлол» 11 имтиёз ба даст оварда, акнун рӯзи 26 май дар давраи 1/8 финалии мусобиқа дар майдони худ бо дастаи «Ал-Ваҳда»-и Сурия бозӣ мекунад.

spot_imgspot_img

Популярное