Имзои Барномаи ҳамкорӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Ҳиндустон

Рӯзи 13 майи соли 2015 дар Ню-Дели вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон хонум Сушма Свараҷ мулоқот анҷом дод. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои мубрами муносибатҳои ду кишвар дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, низомӣ, кишоварзӣ, консулӣ ва инчунин вазъияти Афғонистон, амнияти минтақа […]

ASIA-Plus



Рӯзи 13 майи соли 2015 дар Ню-Дели вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон хонум Сушма Свараҷ мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои мубрами муносибатҳои ду кишвар дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, низомӣ, кишоварзӣ, консулӣ ва инчунин вазъияти Афғонистон, амнияти минтақа ва дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, оид ба ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла СММ, СҲШ табодули назари судманд сурат гирифта, ҷонибҳо сатҳи робитаҳо ва ҳамкории кунунии ду кишварро мусбат арзёбӣ карданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон барои солҳои 2015-2017 ба имзо расид.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Аслов ҳамчунин бо Мушовир оид ба масъалаҳои амниятии Ҳиндустон Аҷит Довал дидору гуфтушунид кард. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи минтақа ва ҳамкории байни ду кишвар дар масъалаҳои низомию амниятӣ табодули афкор намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.