Нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи музофоти Нинся дар Душанбе

Рӯзҳои 18-21 май дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе нахустин намоишгоҳ-ярмаракаи музофоти Нинсяи ноҳияи мухтори Хуэйи Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мегардад. Дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар мегӯяд, дар намоишгоҳ-ярмарка молу колои истеҳсолкунандагон ва корхонаҳои тиҷоратии беш аз 55 ширкатҳои маъруфи чинии музофоти Нинся ба маърази тамошо гузошта мешавад. […]

ASIA-Plus



Рӯзҳои 18-21 май дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе нахустин намоишгоҳ-ярмаракаи музофоти Нинсяи ноҳияи мухтори Хуэйи Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мегардад.

Дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар мегӯяд, дар намоишгоҳ-ярмарка молу колои истеҳсолкунандагон ва корхонаҳои тиҷоратии беш аз 55 ширкатҳои маъруфи чинии музофоти Нинся ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин намоишгоҳ маҳсулот барои рӯзгору хона ва сарулибос, маводи ғизойии «Ҳалол», маҳсулоти кишоварзӣ, сарулибоси миллӣ, масолеҳи сохтмон, асбобу лавозимоти маишӣ, маснӯот аз пӯсту мӯина ва таҷҳизоту технологияҳои нави энергетикаи алтернативӣ пешниҳод мегардад.

Гуфта мешавад, чорабинии мазкур аз ҷониби депатраменти тиҷорати ҳукумати мардумии музофоти Нинсяи ноҳияи мухтори Хуэйи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Палатаи савдо ва саноати ҶТ бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон созмон дода мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.