Нахуствазир президенти ширкати сохтмонии Чинро ба ҳузур пазируфт

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 13 майи соли равон президенти корпоратсияи 19-уми сохтмонии Чин Ги Юнлиро ба ҳузур пазируфт. Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар мулоқот масоили марбут ба иштироки ин ширкати чинӣ дар сохтмони пулу нақбҳо дар қитъаи Ваҳдат – Ёвони роҳи оҳани Душанбе […]

Аваз Юлдошев



Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 13 майи соли равон президенти корпоратсияи 19-уми сохтмонии Чин Ги Юнлиро ба ҳузур пазируфт.

Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар мулоқот масоили марбут ба иштироки ин ширкати чинӣ дар сохтмони пулу нақбҳо дар қитъаи Ваҳдат – Ёвони роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа баррасӣ шуданд.

Дар қитъаи зикршудаи роҳ ширкати чинӣ се нақб ва панҷ пул месозад ва дар ин робита нахуствазири ҷумҳурӣ аз роҳбари ширкат даъват намуд, ки ба сифати корҳои сохтмон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Қоҳир Расулзода таъкид доштааст, ки қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон минбаъд як қисмати роҳи оҳани байнулмилалии Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.