Интиқоли нерӯҳои зудамали СААД ба Тоҷикистон ба итмом мерасад

Дар доираи санҷиши ногаҳонии эълоншуда аз ҷониби Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки мутобиқи он ҷузъу том ва воҳидҳои низомӣ аз ҳайати Нерӯҳои зудамали Созмон рӯзи 12 май ба ҳолати омодабоши ҷангӣ оварда шуданд, ҷараёни интиқоли ҳайати шахсӣ ва техника ба минтақаи омодабоши ҷангӣ, ба қаламрави Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист. Сухангӯи Вазорати […]

Аваз Юлдошев



Дар доираи

санҷиши ногаҳонии эълоншуда

аз ҷониби Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки мутобиқи он ҷузъу том ва воҳидҳои низомӣ аз ҳайати Нерӯҳои зудамали Созмон рӯзи 12 май ба ҳолати омодабоши ҷангӣ оварда шуданд, ҷараёни интиқоли ҳайати шахсӣ ва техника ба минтақаи омодабоши ҷангӣ, ба қаламрави Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист.

Сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадлиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки воҳидҳои низомии задамали кишварҳои Беларус, Қазоқистон ва Русия, ки аз воҳидҳои қушӯнҳои десанти ҳавоии Русия, Нерӯҳо барои амалиёти махсуси Беларус ва қушунҳои автомобилии Қазоқистон иборатанд, пас аз анҷоми амал тибқи эълони «бонги хатар» бо лавозимоти ҳарбӣ ва техника шаби 13 май тариқи ҳавопаймоҳо ба фурудгоҳҳои шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Душанбе омаданд.

Воҳидҳои низомии Нерӯҳои зудуамали Тоҷикистон ва Қирғизистон дар СААД тариқи минтақаи кӯҳистон якчанд километр масофаро тай мекунанд. Воҳиди таъиноти махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи Арманистон дар ҳайати Нерӯҳои зудамали СААД имрӯз тавассути авиатсияи низомӣ-нақлиётӣ ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд.

Гурӯҳи фаврии афсарони Ситоди муттаҳидаи СААД таҳти сарварии сардори ситод генерал-лейтенант Александр Студеникин ҷиҳати ҳамоҳангсозии амалиёти ҷобаҷокунии воҳидҳои низомӣ, таъсиси мақомоти идоракунии Нерӯҳои зудамали Созмон ва таъмини иҷрои вазифаҳои таълимиву ҷангӣ ба минтақаи ҳолати омодабоши ҷангӣ омаданд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Маҳмадалиев, танҳо рӯзи 13 май барои интиқоли ҷузъу том ва воҳидҳои Нерӯҳои зудамали СААД 24 парвози ҳавопаймоҳои авиатсияи кишварҳои узви Созмон анҷом дода шудааст, ки 19 адади ин парвозҳоро Русия, 3 ададашро – Қазоқистон ва 2 парвозро нерӯҳои Белорус ба иҷро расонидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.