Суғд: Гумонбарии як зан ба азхудкунии беш аз 1 млн. $ бо роҳи қаллобӣ

Дар вилояти Суғд як зан ба азхудкунии беш аз 1 млн. доллари ИМА бо роҳи қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Аз маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки бар асоси аризаи даҳҳо нафар сокинони ноҳияи Зафаробод нисбати сокини ҳамин ноҳия В.М. мутобиқи моддаи 247, қ. 4 (Қаллобӣ […]

Мавлуда Рафиева



Дар вилояти Суғд як зан ба азхудкунии беш аз 1 млн. доллари ИМА бо роҳи қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.

Аз маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки бар асоси аризаи даҳҳо нафар сокинони ноҳияи Зафаробод нисбати сокини ҳамин ноҳия В.М. мутобиқи моддаи 247, қ. 4 (Қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, ин зан аз онҳо бо роҳи фиреб маблағҳои пулӣ гирифта, ваъда додааст, ки онро бо фоизҳои зиёд бармегардонад. «Ба сурати умум ӯ дар ҳаҷми беш аз 1 млн. доллари ИМА маблағ гирифта, онро барои эҳтиёҷоти шахсиаш харҷ кардааст», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон аз рӯи ин далел тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?