Рӯзи 13 майи соли 2015 дар Ню-Дели вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон хонум Сушма Свараҷ мулоқот анҷом дод.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои мубрами муносибатҳои ду кишвар дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, низомӣ, кишоварзӣ, консулӣ ва инчунин вазъияти Афғонистон, амнияти минтақа ва дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.
Гуфта мешавад, оид ба ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла СММ, СҲШ табодули назари судманд сурат гирифта, ҷонибҳо сатҳи робитаҳо ва ҳамкории кунунии ду кишварро мусбат арзёбӣ карданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон барои солҳои 2015-2017 ба имзо расид.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Аслов ҳамчунин бо Мушовир оид ба масъалаҳои амниятии Ҳиндустон Аҷит Довал дидору гуфтушунид кард. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи минтақа ва ҳамкории байни ду кишвар дар масъалаҳои низомию амниятӣ табодули афкор намуданд.



