– Тоҷикистон тамоми манфиат ва талафоти имконпазир аз узвият ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО)-ро меомӯзад», – изҳор доштааст рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов.
Дар ин робита
«Интерфакс»
иттилоъ медиҳад, ки Сироҷиддин Аслов зимни нишасти хабарӣ оид ба натиҷаҳои гуфтушунид бо ҳамтои ҳиндустонии худ дар Деҳлӣ дар ин робита гуфтааст, «мо то ҳол оқибатҳои имконпазири мусбат ва манфии узвияти Тоҷикистон ба ин Иттиҳодро баррасӣ дорем».
Вазири корҳои хориҷии ҶТ қайд кардааст, ки Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои худ ҳама гуна пешниҳоди узвият ба иттиҳодҳои иқтисодиро баррасӣ ва мавриди омӯзиш қарор медиҳад.
Аслов ба рӯзноманигорон хотиррасон намудааст, ки «Тоҷикистон дар бунбасти ҷуғрофӣ қарор дошта, ба баҳр роҳи баромад надорад ва роҳҳои оҳан тариқи Ӯзбекистон мегузаранд, ки муносибатҳои сиёсӣ бо ин кишвари ҳамсоя дар сатҳи начандон хуб буда, ҳаракат тариқи роҳҳои автомобилгард ба Чину Қирғизистон бинобар сабаби релйефи кӯҳӣ душвор мебошад».
«Иқтисоди мо осебпазир аст: 93%-и қаламрав кӯҳҳо буда, ҳамагӣ 7%-и қаламрави кишвар барои фаъолият дар бахши кишоварзиву саноат ва дигар соҳаҳо мусоиданд. Мо беш аз 50%-и маҳсулоти зарурӣ ва ҳудуди 70%-и ашёи хомро аз хориҷи кишвар ворид мекунем. Иқтисоди мо ҳамчунин ба як қатор омилҳои дигари осебпазир низ вобаста аст, аз ин рӯ қабл аз узвият ба кадом як иттиҳоди иқтисодӣ мо хеле эҳтиёткорона рафтор мекунем», – гуфтааст дар шарҳи ин масъала Аслов.
Қобили зикр аст, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис дода шуда, аз 1 январи соли равон ба фаъолият шурӯъ кард. Айни замон кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Русия аъзои ин Иттиҳод буда, аз 29 май Қирғизистон ҳам ба он хамроҳ мешавад. Миёни ин кишварҳо Қирғизистон ягона кишвар дар ин Иттиҳод аст, ки бо Тоҷикистон марзи умумӣ дорад.



