Тоҷикистон алҳол сари масъалаи узвият ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба хулосае нарасидааст

– Тоҷикистон тамоми манфиат ва талафоти имконпазир аз узвият ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО)-ро меомӯзад», – изҳор доштааст рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов. Дар ин робита   «Интерфакс» иттилоъ медиҳад, ки Сироҷиддин Аслов зимни нишасти хабарӣ оид ба натиҷаҳои гуфтушунид бо ҳамтои ҳиндустонии худ дар Деҳлӣ дар ин робита гуфтааст, […]

Пайрав Чоршанбиев



– Тоҷикистон тамоми манфиат ва талафоти имконпазир аз узвият ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО)-ро меомӯзад», – изҳор доштааст рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов.

Дар ин робита  

«Интерфакс»

иттилоъ медиҳад, ки Сироҷиддин Аслов зимни нишасти хабарӣ оид ба натиҷаҳои гуфтушунид бо ҳамтои ҳиндустонии худ дар Деҳлӣ дар ин робита гуфтааст, «мо то ҳол оқибатҳои имконпазири мусбат ва манфии узвияти Тоҷикистон ба ин Иттиҳодро баррасӣ дорем».

Вазири корҳои хориҷии ҶТ қайд кардааст, ки Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои худ ҳама гуна пешниҳоди узвият ба иттиҳодҳои иқтисодиро баррасӣ ва мавриди омӯзиш қарор медиҳад.

Аслов ба рӯзноманигорон хотиррасон намудааст, ки «Тоҷикистон дар бунбасти ҷуғрофӣ қарор дошта, ба баҳр роҳи баромад надорад ва роҳҳои оҳан тариқи Ӯзбекистон мегузаранд, ки муносибатҳои сиёсӣ бо ин кишвари ҳамсоя дар сатҳи начандон хуб буда, ҳаракат тариқи роҳҳои автомобилгард ба Чину Қирғизистон бинобар сабаби релйефи кӯҳӣ душвор мебошад».

«Иқтисоди мо осебпазир аст: 93%-и қаламрав кӯҳҳо буда, ҳамагӣ 7%-и қаламрави кишвар барои фаъолият дар бахши кишоварзиву саноат ва дигар соҳаҳо мусоиданд. Мо беш аз 50%-и маҳсулоти зарурӣ ва ҳудуди 70%-и ашёи хомро аз хориҷи кишвар ворид мекунем. Иқтисоди мо ҳамчунин ба як қатор омилҳои дигари осебпазир низ вобаста аст, аз ин рӯ қабл аз узвият ба кадом як иттиҳоди иқтисодӣ мо хеле эҳтиёткорона рафтор мекунем», – гуфтааст дар шарҳи ин масъала Аслов.

Қобили зикр аст, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис дода шуда, аз 1 январи соли равон ба фаъолият шурӯъ кард. Айни замон кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Русия аъзои ин Иттиҳод буда, аз 29 май Қирғизистон ҳам ба он хамроҳ мешавад. Миёни ин кишварҳо Қирғизистон ягона кишвар дар ин Иттиҳод аст, ки бо Тоҷикистон марзи умумӣ дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.