Оғози ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрии ҷавонон «Нигоҳи нав»

Ҷашнвора – озмуни IV ҷумҳуриявии театрии ҷавонон «Нигоҳи нав» аз 16-ум то 20-уми майи соли равон дар Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский доир гашта, ҳамарӯза ду намоиш соатҳои 10-и субҳ ва 18-и шом дар назар аст. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки кушодашавии ҷашнвораи мазкур рӯзи 16-ум доир гашта, […]

ASIA-Plus



Ҷашнвора – озмуни IV ҷумҳуриявии театрии ҷавонон «Нигоҳи нав» аз 16-ум то 20-уми майи соли равон дар Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский доир гашта, ҳамарӯза ду намоиш соатҳои 10-и субҳ ва 18-и шом дар назар аст.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки кушодашавии ҷашнвораи мазкур рӯзи 16-ум доир гашта, дар он 7 гурӯҳ иштирок мекунад, ки як гурӯҳи он ғайриозмунӣ мебошад.

Гуфта мешавад, ҷоизаҳо барои беҳтарин нақши лаҳзавӣ, коргардони беҳтарину намоиши беҳтарин то Шоҳҷоиза пешбинӣ шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки сарпарастони имсолаи ҷашнвора – озмун Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон, ширкатҳои ватании «Баҳманруд», «Рухом» ва «Мария» мебошанд.

Ҳамкорӣ бо лоиҳаро Вазорати фарҳанг ва телевизиони «Сафина», ҳамчунин дастгирии иттилоотиро радиоҳои «Ховар», «Ватан», «Имрӯз» ва рӯзномаҳои ватанӣ ба уҳда гирифтаанд.

Қобили зикр аст, ки нахустин ҷашнвора – озмуни ҷумҳуриявии театрии ҷавонон «Нигоҳи нав» соли 2012 дар Душанбе баргузор шуда буд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.