Сафорат: Дар куштори Ҳамдамов скинхедҳо даст надоранд

Намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар изҳороти расмӣ тариқи видео ҳодисаи қатли бераҳмонаи шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишварро шарҳ дода, амали гӯё аз ҷониби тоссарҳо (скинхедҳо)-и рус сарбурии муҳоҷири тоҷик Комилҷон Ҳамдамовро рад намуд. Ӯ қайд мекунад, ки сафоратхона рӯзи 7 май аз марги ин муҳоҷир огаҳӣ ёфта, вале «чун ин рӯзҳои […]

Аҳлиддин Салимов



Намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар изҳороти расмӣ тариқи видео ҳодисаи қатли бераҳмонаи шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишварро шарҳ дода, амали гӯё аз ҷониби тоссарҳо (скинхедҳо)-и рус сарбурии муҳоҷири тоҷик Комилҷон Ҳамдамовро рад намуд.

Ӯ қайд мекунад, ки сафоратхона рӯзи 7 май аз марги ин муҳоҷир огаҳӣ ёфта, вале «чун ин рӯзҳои истироҳат буданд, аз ин рӯ, дипломатҳо аз шарҳу тавзеҳҳо худдорӣ варзидаанд».

Эгамзод зикр мекунад, ки аз рӯи ин далел рӯзи 7 май парвандаи ҷиноӣ боз шуда, кормандони сафорат бо сармуфаттиши Кумитаи тафтишоти ФР дар вилояти Маскав Ивашкин вохӯрдаанд ва ӯ ба онҳо далелҳои муътамадро пешниҳод кардааст. Аз ҷумла ӯ хабар додааст, ки куштор шаби 3 ба 4 май дар вилояти Маскав содир шудааст.

Ошкор гардидааст, ки дар ин куштор омили миллатгаройӣ ҷой надошта, тоссарҳо (скинхедҳо) низ ба он даст надоранд. Ҳамчунин маълумоти сарбурии Ҳамдамов низ асоси воқеъӣ надорад. Дар асл бошад, куштор ҳангоми майнӯшӣ сари дастурхон сурат гирифта, дӯсти сархуш аз машруботи Ҳамдамов нахуст бо мурваттобак (отвёртка) ба гардани ӯ зарба зада, сипас бо корд ҳам ӯро захмӣ мекунад.

«Қазияи мазкур таҳти назорати сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов қарор дошта, мо аз ҷониби Русия тақозо мекунем, ки гунаҳкор назди қонун ҷавоб гӯяд», – афзуд Эгамзод.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 9 май дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навори видеоие гузошта шуд, ки дар он бародари кушташуда ва ҳамдиёрони ӯ тасдиқ мекунанд, ки куштори К.Ҳамдамов дар замини миллатароӣ сурат гирифтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.