С.Аслов бо соҳибкорони Ҳиндустон мулоқот орост

Дар доираи сафари расмӣ ба Ҳиндустон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо намояндагони бонуфузи доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони Ҳиндустон мулоқот намуд. Ин чорабинӣ бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон ва раҳбарияти ширкати CHL Limited-и Ҳиндустон баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, С.Аслов дар назди ҳозирин оид ба сиёсати иқтисодии хориҷии Тоҷикистон […]

ASIA-Plus



Дар доираи сафари расмӣ ба Ҳиндустон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо намояндагони бонуфузи доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони Ҳиндустон мулоқот намуд. Ин чорабинӣ бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон ва раҳбарияти ширкати CHL Limited-и Ҳиндустон баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, С.Аслов дар назди ҳозирин оид ба сиёсати иқтисодии хориҷии Тоҷикистон ва тадбирҳое, ки ҳукумати кишвар ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар кишвар амалӣ мекунад, суханронӣ кард.  Дар ин росто имконияту роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ махсус таъкид гардиданд. 

Гуфта мешавад, аз ҷониби намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони Ҳиндустон алоқамандии воқеӣ ба татбиқи муштараки лоиҳаҳо дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон зоҳир карда шуд. Барои тақвияти беш аз пеши ҳамкориҳо ва баррасии лоиҳаҳои муштарак пешниҳод шуд, ки дар рӯзҳои наздик сафари доираҳои соҳибкории Ҳиндустон ба Тоҷикистон сурат бигирад.

Дар ҳошияи мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо доираҳои соҳибкории Ҳиндустон сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар ҷолибияти Тоҷикистонро барои сармоягузориҳои хориҷӣ муаррифӣ намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.