Боздиди 300 нафар ҷавонони синни то хизмати Хуҷанд аз қисми низомӣ



Дар доираи чорабиниҳои таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони” Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафхои олии кишвар” ва бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, омода намудани онҳо ба хизмати модар-ватан бо иқдоми Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд санаи 13 майи соли 2015 дар қисми низомии 3501-и Қушунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи дарҳои кушод ва шиносоии ҷавонони синни то даъвати бо шароити хизмати сарбозону афсарон ташкил ва гузаронида шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, афсарону сарбозонро муовини раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродова аз номи раиси шаҳри Хуҷанд бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуд.

Гуфта мешавад, дар чорабинии мазкур 300 нафар ҷавонони синни то даъват ба хизмати ҳарбӣ иштирок намуда, аз шароити хизмати сарбозон, ҷои хӯрокхӯрӣ, хоб, аз техникаҳои муосири ҷанги дидан намуданд ва дар охир ба 60 нафар беҳтарин афсарону сарбозон ифтихорнома, тӯҳфаҳо ва маводи гигиенӣ тақдим карда шуд.

spot_imgspot_img

Популярное