Боздиди 300 нафар ҷавонони синни то хизмати Хуҷанд аз қисми низомӣ

Дар доираи чорабиниҳои таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони” Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафхои олии кишвар” ва бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, омода намудани онҳо ба хизмати модар-ватан бо иқдоми Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд санаи 13 майи соли 2015 дар қисми низомии 3501-и Қушунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи […]

ASIA-Plus



Дар доираи чорабиниҳои таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони” Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафхои олии кишвар” ва бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, омода намудани онҳо ба хизмати модар-ватан бо иқдоми Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд санаи 13 майи соли 2015 дар қисми низомии 3501-и Қушунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи дарҳои кушод ва шиносоии ҷавонони синни то даъвати бо шароити хизмати сарбозону афсарон ташкил ва гузаронида шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, афсарону сарбозонро муовини раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродова аз номи раиси шаҳри Хуҷанд бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуд.

Гуфта мешавад, дар чорабинии мазкур 300 нафар ҷавонони синни то даъват ба хизмати ҳарбӣ иштирок намуда, аз шароити хизмати сарбозон, ҷои хӯрокхӯрӣ, хоб, аз техникаҳои муосири ҷанги дидан намуданд ва дар охир ба 60 нафар беҳтарин афсарону сарбозон ифтихорнома, тӯҳфаҳо ва маводи гигиенӣ тақдим карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.