Эҳтимоли аз қарздории зиёд худро ба дор овехтани сарбози рус

Айни замон ду фарзияи даст ба худкушӣ задани Михаил Борисов, хизматчии ҳарбии 21-солаи пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар дар Қӯрғонтеппа мавриди баррасӣ қарор дорад. «Ҳайати фармондеҳии ҳавзаи ҳарбии марказӣ ҳамроҳ бо прокуратураи ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Қӯрғонтеппа айни замон ду фарзияи марги хизматчии ҳарбии русро баррасӣ доранд, ки яке даст ба худкушӣ задани […]

ASIA-Plus



Айни замон ду фарзияи даст ба худкушӣ задани Михаил Борисов, хизматчии ҳарбии 21-солаи пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар дар Қӯрғонтеппа мавриди баррасӣ қарор дорад.

«Ҳайати фармондеҳии ҳавзаи ҳарбии марказӣ ҳамроҳ бо прокуратураи ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Қӯрғонтеппа айни замон ду фарзияи марги хизматчии ҳарбии русро баррасӣ доранд, ки яке даст ба худкушӣ задани М.Борисов барои қарздории беҳад зиёд назди судхӯрони маҳаллӣ буда, дигаре кушта шудани сарбоз аз ҷониби қарздиҳандагонаш аст», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» дар ин робита аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Қӯрғонтеппа.

Бино ба иттилои манбаъ, ин фарзияҳо баъди бозпурсии шоҳидон ва дигар хизматчиёни ҳарбие, ки шахсан бо сарбози фавтида шинос буданд, рӯйи кор омадаанд. «Фарзияҳои дигар ҳам вуҷуд дорад, ки дар бораи онҳо баъдтар маълумот хоҳем дод», – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, ҷасади М.Борисов то ҳол мавриди ташхис қарор нагирифтааст, чунки омадани мутахассисони русро мунтазиранд.

Ёдрас мекунем, ки

субҳи рӯзи 14 май

дар майдони ба номи 70-солагии водии Вахши шаҳри Қӯрғонтеппа ҷасади дар дор овезони хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар дар ин шаҳр дарёфт шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.