Котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СААД дар Хуҷанд гирдиҳам меоянд

Машварати котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ рӯзҳои 19-20 май дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар машварати мазкур, ки таҳти раёсати котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров доир мегардад, ба ҷуз котибони Шӯрои амнияти давлатҳои Русия, Арманистон, Қазоқистон ва […]

Аваз Юлдошев



Машварати котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ рӯзҳои 19-20 май дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар машварати мазкур, ки таҳти раёсати котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров доир мегардад, ба ҷуз котибони Шӯрои амнияти давлатҳои Русия, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, ҳамчунин котиби генералии СААД Николай Бордюжа низ ширкат хоҳад варзид.

Ба иттилои манбаъ, дар машварат масоили марбут ба таъмини амният дар минтақа, вазъ дар Афғонистон ва ҷараёни тамрину омӯзишҳои Нерӯҳои зудамали СААД, ки дар машқгоҳи «Ҳарбмайдон»-и гарнизони Хатлон бо иштироки беш аз 2 ҳазор нафар сарбозону афсарон ва зиёда аз 150 адад техника аз ҳайати воҳидҳои Нерӯҳои зудамали СААД – Русия, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ва Тоҷикистон ҷараён доранд, мавиди баррасӣ қарор мегиранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.