Дархости ФФТ ба баргузории даври интихобии Чемпионати Осиё оид ба футзал дар Хуҷанд



Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба баргузории даври интихобии Чемпионати Осиё – 2016 оид ба футболи хурд (футзал) дар минтақаи Марказӣ дархост пешниҳод кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, ба сифати макони баргузории ин марҳилаи мусобиқа маҷмаии варзишии «Қасри варзиш» дар Хуҷанд пешниҳод гардидааст, ки дорои 2670 ҷойи нишаст буда, соли 2013 мавриди истифода қарор гирифтааст.

Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи интихобии мусобиқоти Чемпионати Осиё – 2016 оид ба футболи хурд дар минтақаи Марказӣ чор даста – мунтахабҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок мекунанд. Ба давраи ниҳоии чемпионати Осиё, ки аз 9 то 20 феврал дар шаҳри Тошканд доир мегардад, аз минтақаи Марказӣ ду даста роҳхат мегиранд.

spot_imgspot_img

Популярное