Машқҳои муштараки мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Чин

Рӯзи 14 май вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии муовини сардори Раёсат оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятии Вазорати бехатарии ҷамъиятии ин кишвар Ма Вэйя дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар вохӯрӣ масъалаҳои баргузории машқҳои муштараки тактикӣ-низомии зиддитеррористӣ байни мақомотҳои […]

ASIA-Plus



Рӯзи 14 май вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии муовини сардори Раёсат оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятии Вазорати бехатарии ҷамъиятии ин кишвар Ма Вэйя дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар вохӯрӣ масъалаҳои баргузории машқҳои муштараки тактикӣ-низомии зиддитеррористӣ байни мақомотҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Чин дар шароити кӯҳсор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҷузъиёти гузаронидани машқҳои тактикӣ-низомии якҷояро мавриди муҳокима қарор дода, фикру андеша ва таклифҳои худро иброз доштанд.

Зикр мегардад, ки дар рафти мулоқот атрофи Нақшаи якҷояи  гузаронидани машқҳои муштараки тактикӣ-низомии зиддитеррористӣ дар шароити кӯҳсор, ки аз ҷониби вазирони ҳарду ҷониб тасдиқ гардида, ба имзо расидааст, табодули назар сурат гирифт.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки ба қарибӣ гузаронидани машқҳои муштараки тактикӣ-низомии зиддитеррористӣ дар шароити кӯҳсор байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин дар назар дошта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.