Фармондеҳи нав дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон

Фармондеҳи қушӯнҳои Ҳавзаи низомии Марказӣ генерал-полковник Владимир Заруднитский рӯзи 14-уми май ба ҳайати шахсии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон фармондеҳи нави пойгоҳ полковник Денис Ляминро муаррифӣ кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти Ҳавзаи низомии Марказии Вазорати мудофиаи Русия хабар медиҳад. «Полконик Лямин аз таҷрибаи бойи фармондеҳӣ дар ҷузъу томҳои гуногуни низомӣ бархӯрдор буда, сар […]

ASIA-Plus



Фармондеҳи қушӯнҳои Ҳавзаи низомии Марказӣ генерал-полковник Владимир Заруднитский рӯзи 14-уми май ба ҳайати шахсии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон фармондеҳи нави пойгоҳ полковник Денис Ляминро муаррифӣ кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти Ҳавзаи низомии Марказии Вазорати мудофиаи Русия хабар медиҳад.

«Полконик Лямин аз таҷрибаи бойи фармондеҳӣ дар ҷузъу томҳои гуногуни низомӣ бархӯрдор буда, сар аз фармондеҳи взвод то ба сардори ситоди дивизия расидааст ва қаблан дар Тоҷикистон низ хизмат кардааст», – гуфтааст фармондеҳи ҳавза.

Денис Лямин соли 1979 дар Слутск (Беларус) дар оилаи хизматчии ҳарбӣ ба дунё омадааст. Омӯзишгоҳи олии фармондеҳии танкии Челбинскро бо медали тилло хатм намуда, соли 2007 ба дипломи аълои Академияи қушунҳои умумии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия соҳиб шудааст. Оиладор буда, ду фарзандро тарбия мекунад.

Собиқ фармондеҳи пойгоҳ генерал-майор Евгений Тубол муовини фармондеҳи артиши қушӯнҳои умумии Самара таъин шудааст.

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон соли 20004 дар заминаи дивизияи тирандози ҳанӯз аз замони шӯравӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ қарордошта таъсис дода шуд. Айни замон бузургтарин зербинои низомии Русия дар хориҷи кишвар маҳсуб меёбад.

Пойгоҳи низмоии 201-уми Русия дар се шаҳри Тоҷикистон – Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб мустақар буда, дар воҳидҳои он дар маҷмӯъ 7,5 ҳазор сарбозону афсарони русиягӣ ва хизматчиёни низомӣ тибқи қарордод хизмат мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.